АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки форуми байналмилалӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) гузаронида шуд.

Дар форум намояндагони Тоҷикистон аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок намуданд.

Иштирокдорони форум масъалаҳои марбут ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар ин самт, табодули таҷриба байни мақомоти дахлдори давлатҳои минтақа ва таҳияи чораҳои муштарак барои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи Форуми байналмилалии «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» Эъломияи Самарқанд қабул гардид. Он мавқеи муттаҳиди давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар таҳким мебахшад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон