Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд,  имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои илмию таълимии мамлакат марҳилаи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷараён дорад. Мутобиқи низомнома, ин озмун ба рушди тафаккури техникӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, фароҳам овардани дастрасӣ ба техникаю технология, тақвияти ихтироъкорию навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол озмун аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат мекунад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ